zoofirma.ru

Имрӯз, 20.04.2022 дар толори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон шӯрои навбатии шуъбаи маорифи шаҳр баргузор гардид.

Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи шӯро ғолибони олимпиадаи фаннии хонандагон муаррифӣ гардиданд. Лозим ба зикр аст, ки дар даври ҷумҳуриявии олипиадаи фаннии хонандагон Нигина Зоидбоева хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 аз олимпиада аз фанни забони англисӣ ба номи Уилиям Шэкспир соҳиби мақоми сеюм ва Даря Нусратова хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр дар олимпиада аз фанни забони русӣ ба номи Александр Пушкин соҳиби мақоми ифтихорӣ гардиданд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Нурмуҳаммад Мирзозода ба хонандагон, омӯзгорони роҳнамо ва директорони муассисаҳоии таълимии мазкур, ки ба чунин дастовард ноил гардидаанд изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, ба роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр таъкид гардид, ки дар давраҳои минбаъдаи олимпиадаҳо, ки хонандагони синфҳои 5-10 иштирок менамояд омодагии ҷиддӣ дида сазовори натиҷаҳои назаррас гарданд.

Сипас, ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.