zoofirma.ru

Ҳамасола 12 апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардон таҷлил карда мешавад. Лозим ба зикр аст, ки 61 сол қабл дар ин рӯз кайҳоннаварди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии “Восток” Заминро аз рӯи мадор давр зада, ба давраи кайҳоннавардии таърихи башар оғоз ниҳод.

Бо ин мақсад рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ ҷиҳати баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас, бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, сайқал додан ва инкишофи қобилияти эҷодкорӣ ва тасаввуроти бештар пайдо намудани онҳо ба олами кайҳон, роҳандозии омӯзиши илмҳои астрономӣ ва кайҳоншиносӣ, инчунин, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни “Кайҳон аз нигоҳи ман” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардон миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ташкил ва баргузор гардид.

Хонандагон бо роҳбарии омӯзгорон аз рӯи бахшҳои озмуни мазкур ҳунару маҳорати худро дар тасвирофарӣ ба намоиш гузоштанд.

Ҳамчунин, дар толори муассиса чорабинӣ баргузор карда шуда, дар он хонандагон доир ба кайҳон маърӯза, шеърхонӣ ва саволу ҷавоб намуданд.