zoofirma.ru

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар варзишгоҳҳои шаҳрӣ ва назди муасисавӣ машқҳои пагоҳарӯзии дастаҷамъона баргузор карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории машқи пагоҳирӯзӣ ин солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” машқҳои дастҷамъонаи пагоҳирӯзӣ баргузор карда шуд. ҳамзамон дар ҷамоати шаҳракҳо низ баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Дар машқҳои дастҷамъонаи имрӯза дар шаҳр теъдоди зиёди ҷавонон аз ҷумла ҷавондухтарон иштирок доштанд.

 

Наврасону ҷавонон ин иқдоми ба роҳ мондаро хуш пазироӣ менамоянд.