zoofirma.ru

Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст.

Бо мақсади ислоҳи вазъ ва тақвият бахшидан ба неруи зеҳнии ҷомеа Ҳукумати мамлакат солҳои 2020 — 2040-ро “Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуда, дар ин баробарбаргузории як қатор озмунҳоро ба роҳ мондааст.

Дар ин замина бо мақсади ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳои равияи технология, инноватсия ва санъати амалӣ, бедор намудани шавқи онҳо ба омӯзиши техника, ихтироъкорӣ, вусъат додани интихоби касб санаи 04.04.2022 байни шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Спитамен даври минтақавии озмуни “Техникони наврас” дар ноҳияи Спитамен ташкил ва баргузор карда шуд.

Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, аъзои фаъоли маҳфили техникони наврас Муасисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, нигора (модел)-и сохтаи худро ба намоиш гузошта, сарбаландона ҳимоя карданд.

Дар натиҷаи ҷамбасти озмуни мазкур аз бахши “Ихтироъкорон” дастаи шаҳри Гулистон сазовори ҷойи 1-ум гардида, ба даври вилоятии озмуни  “Техникони наврас” роҳхат гирифт.