zoofirma.ru

8 апрели соли 2022 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Конференсияи 27-уми ғайринавбатӣ баргузор гардид. Дар кори Конференсияи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно ва Исмоилзода Зуфар раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иштирок ва баромад намуданд.  Ба баррасии Конференсия 3 масъала:

1.Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15;

2.Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаҳои интихоботии “Ваҳдат” №10 ва “Навобод” №24; 3.Интихоби ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон пешниҳод гардид.

Дар кори Конференсияи 27-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз 120 нафар вакилоне, ки дар ташкилотиҳои ибтидоии ҲХДТ ба Конфренсияи вакил интихоб шуда буданд,110 нафар иштирок доштанд.

Пас аз муҳокимаи масъалаҳои Конференсия қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Номзадии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 ва ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” №10 пешбари карда шуд. Номзадии Мадаминов Раҳматҷон Ҳусейнович бошад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Навобод” №24 пазируфта шуд.

Пас аз қабули ҳайати нави  Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Исмоилзода Зуфар раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баромад намуда, иштирокчиёни Конференсияро барои эҳсоси масъулияти баланд дар татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузори кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон даъват намуд.

Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно аз дастгирии иштирокчиён дар пешбарии номзадиаш изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки танҳо бо дастгирии аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони шаҳр имкони расидан ба дастовардҳои назаррас вуҷуд дорад. Номбурда аз иштирокчиёни Конференсия даъват намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург, яъне таъмини зиндагии шоиста ва сазовори мардум бояд сарҷаму муттаҳид ва бо масъулияти баланд корбарӣ намоем.