zoofirma.ru

Бо шурӯъ гардидани моҳи апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 04.03.2022, №352 марҳилаи нави даъвати шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граҷдании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи майи соли ҷорӣ идома меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки  зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмарди бонангу ор буда, ҳимояи марзу буми кишвари соҳибистиқлоламон аз сарбозону афсарон матонату ҷасорат, зиракии сиёсӣ ва дарки баланди ватандӯстиро тақозо мекунад.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мактаби бузурги таҷрибаи ҳаёт мебошад, ки дар он шаҳрвандон дарси мардонагӣ меомӯзанд. Шоистаи зикр аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба беҳдошти ин соҳа рӯз то рӯз зиёд мегардад. Бо ин мақсад дар тули солҳои соҳибихтиёрӣ чандин иншооти нав сохта ва бо техникаҳои муосири ҷангӣ ҷиҳозонида шуда ба истифода дода шуданд. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди эътимодноки халқу миллат гардидааст. Бедорхобиву заҳмати онҳост, ки имрӯз мардуми сарбаланди кишвари азизамон зиндагии осуда доранд.  Ҳамасола шаҳри Гулистон яке аз аввалинҳо шуда нақшаи даъватро иҷро менамояд, ки ин аз ватандӯстии сокинони он гувоҳӣ медиҳад.

Бо мураккаб гардидани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бештар гардидани хатари гурӯҳҳои ифротгаро ва таҳдиди хатарҳо ба амнияти кишварҳои ҷаҳон аз қабл дида бештар зарур аст, ки ба мустаҳкам намудани артиши миллӣ таваҷҷуҳ намоем. Дар ин ҷода кулли шаҳрвандони кишвар бояд саҳмгузор бошанд ва хосатан онҳое, ки ба синнусолӣ даъват расидаанд мебояд бо амри дилу виҷдон барои адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан-Модар ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил гарданд.

Дар ин замина, моро лозим меояд, ки дар ниҳоди насли наврас меҳру муҳаббати самимиро нисбат ба Ватан, расму оин, фарҳанг, мероси ниёгон ва арзишҳои олии он бедор намоем.

Рӯзҳои аввали гусели наваскарон ба сафи Қаувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода истодааст, ки дар ин марҳилаи даъват сафи ихтиёриён афзудааст ва шарҳу навоҳии кишвар пайиҳам аз анҷоми нақшаи даъват хабар дода истодаанд.

Фаридуншоҳ Абдуллоев,
мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон