zoofirma.ru

Санаи 4 апрели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо роҳбарону фаъолони шаҳри Гулистон машварати корӣ доир гардид.

Дар кори машварат муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ходимони дин, аҳли ҷамоатчигӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд.

Машварат бо сухани ифтитоҳии  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оғоз ёфт. Номбурда иброз дошт, ки бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.

Таҷрибаи нодири дастаҷамъонаву муташаккилона доир намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 зимни таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон собит намуд, ки дар ҳақиқат ин ташаббуси наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараҳои некеро ба бор овард. Аз ҷумла ба ин хотир дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар корҳои ободониву созандагӣ бомаром сурат гирифт.

Бо такя ба сиёсати созандаву дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони баору нанги кишвар, соҳибкорону саховатмандон ба тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат баста, дар ин амри муҳим саҳми  шоистаи хешро гузоштанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат ба кулли мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки ба ифтихори ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ дар раванди корҳои ободониву созандагии Ватан, бахусус, дар бунёди иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд, сипосу миннатдории хешро баён намуданд.

Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2022, № АП-174 директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ба шаҳри Гулистон роҳбари гуруҳи корӣ таъин шуданд.

Сипас, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ ба шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022 баён гардиданд андешаҳои хешро баён намуда, масъулинро баҳри иҷрои саривақтии онҳо вазифадор намуд.

Дар машварат ҳамзамон масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, таъмини иҷрои нишододҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, таваҷҷуҳ ба масъалаҳои вобаста ба захираи дусолаи маводи ғизоӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, сарфаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ кардан аз истифодаи таҷҳизоти барқии серхароҷот, ниҳолшинонӣ, ҷалби кормандони корхонаву муассисаҳо ба маъракаҳои беҳтар намудани фазои экологӣ, таъминоти муассисаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ бо мутахассисони ҷавон масъулин вазифадор гардиданд. Масъалаҳои дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону барҷомондагон, шахсони дорои имконияти маҳдуд, расонидани кӯмакҳои моддӣ ба чунин оилаҳо, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор доранд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Гуфта шуд, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Моро зарур аст, ки ба масъалаи даъвати муташаккилонаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таваҷуҳи хоса зоҳир намоем.

Ҳамзамон дар машварати корӣ оид ба таъсис додани корхонаҳои саноатӣ, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии гароншавии маводҳои ниёзи аввал ва дигар тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин вазифадор карда шуданд.

Дар охир иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба таъмини иҷрои саривақтии дастурус супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.