zoofirma.ru

Имрӯз, 2 апрел аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандон тариқи "Равзанаи ягона" доир гардид.

Шаҳрвандон ба роҳбари шаҳр оид ба ҳаллу фасли масъалаҳо вобаста таъмири хати обу ташноб, мусоидат ба масъалаҳои иҷтимоӣ, баррасии масъалаҳои оилавӣ, расонидани кӯмакҳои моддӣ ва дигар масоил муроҷиат намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба масъалаҳои ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.