zoofirma.ru

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 майи соли 2020, №254 “Дар бораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 14.03.2022, №72 “Дар бораи таъсиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба қабули донишҷӯён   ба муассисаҳои олии кишвар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-023” санаи 29.03.2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр даври шаҳрии озмуни Квотаи Президентӣ баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Мирзозода Нуммуҳаммад озмунро ҳусни оғоз бахшид. Дар озмун аъзои Комиссия ва ҳайати ҳакамон иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки ба шаҳри Гулистон тибқи "Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022-2023", ки бо супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №19182 (26.5) тасдиқ гардидааст дар маҷмуъ 19 адад квота муқаррар гардидааст, ки аз ин теъдод 10 адад барои духтарон аз рӯи ихтисосҳои математика, физика-информатика, биология, химия, забон ва адабиёаи рус, забони хориҷӣ, технология (омӯзгор-муҳандис), таҳсилоти ибтидоии томактабӣ, психология (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ва кори табобатӣ (Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ва 9 адад барои писарон аз рӯйи ихтисосҳои забони хориҷӣ (англисӣ), технология (омӯзгор-муҳандис), физика математика, информатика (МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров"), кори табобатӣ (Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибини Сино), математика (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ), химияи татбиқӣ (фаъолияти илмию таҳсилотӣ) (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), забон ва адабиёти рус (Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев) ва тарбияи ҷисмонӣ (Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов) муқаррар гардидааст.

Дар озмун беш аз 80 нафар довталабон аз муассисаҳои таълимии шаҳр миёни ҳам рақобат намуданд. Ҳайати Комиссия шаффофияти озмунро мушоҳида ва назорат намуд. Ҳайати ҳакамон дар назди довталабон корҳои иҷрошударо санҷида, аз ҳар як ихтисос 3 нафарӣ ғолибонро муайян намуданд ва онҳо роҳхати даври ниҳоии озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардиданд. Дар ҳузури иштирокдорон роҳхатёфтагони даври ниҳоии озмун элон карда шуд. Зикр гардид, ки ҳамаи ин ташаббусҳо ва имтиёзҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба насли ҷавон ҷиҳати соҳибкасб гардидани онҳо бахусус барои духтарони деҳоти дурдаст мебошад.

Дар озмун омӯзгорон ва падару модарон низ иштирок доштанд. Барои роҳхатёфтагон ҷиҳати ғолибият дар даври ниҳоӣ барору комёбӣ таманно карда шуд.