zoofirma.ru

Имрӯз, 28 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати кории иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода доир гардид.

Дар машварати корӣ, муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд.

Нахуст оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ комиссари ҳарбии шаҳр подполковник Хайрулло Сатторзода гузориш пешниҳод кард.

Роҳбари шаҳр ҷиҳати вусъати корҳо дар самти иҷрои саривақтии Фармони мазкур масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раисони ҷамоатҳоро муваззаф намуд.

Баъдан дар машварати корӣ масъалаҳои баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳо, тарғиби захираи маводҳои озуқаворӣ, баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии гароншавии нархи маводҳои озуқаворӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ,  пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар масоил ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.