zoofirma.ru

Имрӯз, 26 март дар маркази шаҳри Гулистон  ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид. Дар ярмарка ба сокинон маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан аз бозор дастрас пешниҳод карда шуд.

Сокинони шаҳр аз ин иқдом изҳори хушнудӣ намуда, баргузории чунин тадбирҳоро яке аз иқдомҳои шоиста унвон доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри саноатии Гулистон дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.