zoofirma.ru

Имрўз, 24 март иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар минтақаи саноатии шаҳр ба фаъолияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” шинос шуд.

Ба роҳбари шаҳр иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов бунёд шуда,  дар он асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол мегардад.

Иқтидори истеҳсолии корхона то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол буда, дар он тавассути технологияи нави чинӣ арматураи тамғаҳои гуногунқутр истеҳсол мегардад.

Раъно Ҳошимзода аз масъулини корхона ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҷалби мутахассисон ба фаъолият ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” даъват ба амал овард.

Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур 31 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда, дар рушди ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳмгузорӣ намуда истодааст.