zoofirma.ru

Имрӯз, 22 март бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар шафати шоҳроҳи шаҳр дарахтони нодири ороишиву сояафкан шинонида шуд.

Роҳбари гуруҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сабзкорӣ ба мутахассисону покизакорон суҳбати самимӣ анҷом дода, баҳри амалӣ намудани сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандӣ баён намуд.

Ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар шафати шоҳроҳи асосӣ ва ҳудуди шаҳр зиёда аз 250 адад чунин дарахтони нодиру ороишӣ нишонида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки сокинони меҳнатқарини шаҳри Гулистон то ин дам дар амри сарсабзу хуррамгардонии ин гӯшаи диёр саҳми арзанда гузошта, минбаъд низ дар ин иқдоми шоиста ҳиссаи арзишманд хоҳанд гузошт.