zoofirma.ru

Имрӯз, 20 март дар варзишгоҳи марказии Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.

Дар ин рӯз сокинони меҳнатқарини шаҳрак бо оростани хони наврӯзӣ ва эҳёи расму суннатҳои миллӣ ба идгоҳ ҳозир шуданд.Дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва директори генералии корхонаи азими саноатии "Апрелевка" Бахтиёр Саидаҳмадзода ширкат намуданд.
Роҳбарият нахуст аз растаи ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои миллӣ ва рақсу суруд боздид ба амал оварданд.

 

Зимни ироаи паёми табрикии худ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кулли сокинону меҳмононро ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз таҳният гуфт.Роҳбари шаҳр аз ташаббуси наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри ҷаҳонишавии Наврӯз ёдовар шуда, аз тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар остонаи ин ҷашни оламафрӯз ибрози назар кард.Баъдан директори генералии ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияти маҳдуди "Апрелевка" Бахтиёр Саидаҳмадзода низ кулли сокинону кормандони ҷамъиятро ба иди байналмилалии Наврӯз таҳният гуфт.

Дар фазои тантанавӣ ба як қатор пешсафони фаъолият, кормандони ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияти маҳдуди "Апрелевка" сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ ва вилоят ба тантанаҳои идона шукуҳи тоза бахшид.