zoofirma.ru

Имрӯз, 20 март иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ ба шаҳраки Консой ташриф овард.

Қабл аз иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҳамроҳ бо директори генералии ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияти маҳдуди "Апрелевка" Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси Ҷамоати шаҳрак Амир Муҳаббатов собиқадорони меҳнат, пирони рӯзгордида, оилаҳои ниёзманд ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдудро аёдат намуданд.

 

Оилаҳои зикргардидаро Раъно Ҳошимзода ва ҳайати ҳамроҳон бо ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳният гуфта, ба онҳо паёми табрикии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро баён доштанд.

Дар ин рӯз ба ин оилаҳо маводҳои озуқаворӣ дастрас карда шуда, иброз гардид, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пирони рӯзгордида, оилаҳои ниёзманд ва дорои имкониятҳои маҳдудро зери ғамхории ҳамешагӣ қарор дода, ҳеҷ гоҳ онҳоро фаромӯш нахоҳад кард.

Модарони нуронӣ изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, баҳри оромиву осоиштагии ҷовидонии Ватани азизамон дасти дуо бардоштанд.