zoofirma.ru

Субҳи имрӯз, 20 март иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамроҳ бо бонувони фаъолу пешқадами шаҳрдар доираи тантанаҳои идонаи наврӯзӣ ва рӯзи зиёиёни эҷодкор ба шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ташриф овард.

Дар шаҳрак роҳбари шаҳр собиқадори соҳаи маориф Лидия Кулагинаро, ки дар бистари беморист ба аёдат фаро гирифта номбурдаро ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ва рӯзи зиёиёни эҷодкор таҳният гуфт. Зикр гардид, ки собиқадорону зиёиён ҳамчун хазинаи тиллоии миллат ҳамаша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

 

Ба Лидия Кулагина, ки чанд соли охир дар бистари беморист аробачаи маъюбӣ ва маводҳои озуқаворӣ дастрас карда шуд. 
Аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбати собиқадорону зиёиён фф изҳори қаноатмандӣ намуда, сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.

Кулагина Лидия Яковлевна 18 апрели соли 1951 дар ба дунё омада, зиёда 50 сол собиқаи кории омӯзгорӣ дошта, танҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 2-и шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон 45 сол ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус фаъолияти босамари меҳнатӣ намудааст.