zoofirma.ru

Имрӯз, 19 март бо такя ба сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба манзили зисти як қатор оилаҳои ниёзманд, шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, пирони рӯзгордида ва сокинони шаҳр ташриф оварда, онҳоро бахшида ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз таҳният гуфт.

Ба оилаҳои зикргардида роҳбари шаҳр кӯмакҳои моддӣ дастрас намуда, изҳор дошт, ки онҳо ҳеҷ гоҳ набояд худро яккаву танҳо эҳсос намояд. Зеро давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибону нигаҳбони оилаҳои ниёзманд ва барҷомондагону ятимону бепарасторон мебошад.

Сокинон бо хушнудӣ аз чунин иқдоми инсонгароёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ изҳори хушнудӣ намуда, баҳри пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз дасти дуо бардоштанд.