zoofirma.ru

Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ба риёзату тафаккур шурӯъ мекунад. Наврӯзро метавон ба мисол набзи тапандаи сайёраи Замин шинохт, ки дар гирди Офтоб як даври пурраи соли нуҷумиро паси сар мекунад. Агар ба рамзи Наврӯз аз дидгоҳи даруннигарӣ (маъниҷӯӣ) назар андозем, мебинем, ки рамзи аслии он навсозӣ ва навпардозӣ аст.

Ин ҷашни пурифтихори аҷдоди ки имрӯз дар саросари дунё бо номи шевои тоҷики ба забон оварда шуда, ҳамчун дастоварди тамаддунии башар рангоранг ва бо шаҳомати арзанда таҷлил мегардад, маҳз бо талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардид. Ин аст, ки имрӯзҳо дар сартосари Тоҷикистони азиз низ бо шукуҳу шаҳомати хоса мардуми диёр онро пешвоз гирифта истодаанд.

Дар шаҳри Гулистон низ тантанаҳои ҷашни Наврӯзӣ бомаром идома доранд. 19 марти соли 2022 дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ташаббуси Ҷамоати шаҳрак, ташкилоту муассисаҳои шаҳрак ба ҳам омада ҷашни Наврӯзро барпо намуданд.

Чорабиниро раиси Ҷамоати шаҳрак Ғолиб Юлдошев ҳусни оғоз бахшида, аз номи роҳбарияти шаҳр ҳамагонро ба муносибати Наврӯз табрику муборакбод намуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фахриддин Бекзода ҳамагонро аз номи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода табрик гуфта, ба ҳамагон бурдбориҳо таманно намуд.

Сипас ташкилоту муассисаҳои шаҳрак ҳунарҳои худро ба намоиш гузошта, таъби иштирокчиёнро шод гардониданд. Иштирокчиёни фаъол аз номи Ҷамоати шаҳрак бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, намоишҳои пешкашнамудаашон сазовори таҳсину офарини аҳли ҷамоатчигии шаҳрак гардиданд.