zoofirma.ru

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои барқияи телефонӣ №6 аз 10.03.2022 Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ҷашн гирифтани Иди байналмилалии “Наврӯз”, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ бо ҳамҷоягии Мактаби варзишии шаҳр мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди гӯштини миллиро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созмони Ҷавонон” бо ҷалби фаъолону ҷонибдорони ҳизб ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир намуд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа  раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён  иштирок намуда, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал шодбош намуда, ба варзишгарон дар мусобиқа бурдбориҳо таманно дошт. Дар мусобиқа наврасон ва ҷавонони соли таваллудашон 2004-2008 ширкат варзиданд. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо Дипломи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд. Суратгузориш аз ҷараёни чорабинӣ.