zoofirma.ru

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳрҳои саноатии вилоят аз ҷумла шаҳри Гулистон ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо ин мақсад санаи 12.03.2022 дар шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.

Бо раванди ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣдар маркази шаҳр масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз наздик шинос гардида, доир ба танзими нарх ва ҷараёни баргузории он ба масъулин дастурҳо доданд.

 

Сокинон аз ярмарка бо нархҳои нисбатан арзон аз бозор 15-20 фисад маводҳои ниёзи худро харидорӣ намуданд. Ба сокинон маҳсулоти гуногуни озуқавории ниёзи аввал: орду биринҷ, равғану тухм, моҳӣ, маҳсулоти полезӣ, гӯштиву ширӣ, донагӣ ва қаннодӣ пешниҳод гардид.

Лозим ба зикр аст, ки минбаъд низ ҳар рӯзи шанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташикл карда шуда, аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолӣ маводи ғизоии нисбатан арзон пешниҳоди мардум карда мешавад.