zoofirma.ru

Имрӯз, 12 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода қабули шаҳрвандон сурат гирифт.

Дар ин рӯз сокинон аз роҳбари шаҳр оид ба расонидани кӯмакҳои моддӣ, ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дигар масоил мусоидат пурсиданд.

Раъно Ҳошимзода ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои баррасӣ ва ҳаллу фасли муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тадбирҳои судмандро андешида, аз имкониятҳои васеъ истифода бурда истодааст.