zoofirma.ru

11 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 110-солагии матбуоти тоҷик мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо аҳли қалам, хабарнигорон ва рӯзноманигорони телевизион ва нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ доир гардид.

Нахуст роҳбари шаҳр аз дастгириву пуштибонии аҳли матбуоти мамлакат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, саҳми хабарнигорону рӯзноманигоронро дар тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу афзун гардонидани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва дигар масоил ибрози назар кард.

Зикр гардид, ки матбуоти тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ вазифаи хешро дар ҷодаи даъвати мардум ба якдиливу ҳаммаромӣ ва иттиҳоду ҳамзистии осоишта бо сарбаландӣ ба иҷро расонида, хушбахтона аҳли қалам рисолати пурифтихори хешро бо итминони комил ба ҷо оварда истодаанд.

Раъно Ҳошимзода дар идомаи сӯҳбат аз саҳми муносиби хабарнигорони ҷумҳуриявию вилоятӣ дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои шаҳри Гулистон ёдовар шуда, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуд.

Зимнан фаъолияти аҳли эҷодии рӯзномаи шаҳрии "Соҳил" мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид карда шуд, ки рӯзноманигорони мо бо такя ба дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат бояд баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва осоиштагии мамлакат ҷаҳду талош намоянд.

Баъдан хабарнигори нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ҷумҳурият" дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ, муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Согдийская правда" Хуршеда Содиқова ва дигарон оид ба таърихи таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикии "Бухорои шариф", саҳми шоистаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, аз таҷлили бошукӯҳи Рӯзи матбуоти тоҷик дар мамлакат изҳори хушнудӣ карданд. Аҳли қалам аз ҳамкориҳои судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ибрози назар намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба иштирокдорон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.