zoofirma.ru

Дар доираи чорабиниҳои идона ба ифтихори Рӯзи Модар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамроҳ бо муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода модарони рӯзгордидаи шаҳри Гулистонро, ки солиёни зиёд дар низоми хизмати давлатӣ ва соҳаи маориф фаъолияти бенуқсон кардаанд аёдат намуданд.

Дар ин рӯз собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Нуруллоева Санавбар Нуруллоевна ва собиқадори соҳаи маориф Шамсиддинова Мушаррафа ба аёдат фаро гирифта шуда, ба онҳо паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Модарони рӯзгордида изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баён намуданд.