zoofirma.ru

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бахшида ба Иди Модар 3 марти соли 2022 дар боғи фарҳангию фароғатии маркази шаҳр, дар назди муҷасамаи “Модар ” ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки васеи сокинони шаҳр доир гардид.

Чорабинии тантанавири Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён М.Ғ. ҳусни ифтитоҳ бахшида промуни шароиту имкониятҳои васеъ, ки барои занон дар даврони истиқлолият фароҳам оварда шудааст ҳарф зад. Қайд карда шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3% аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 % кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73% кормандони соҳаи маориф, 27% кормандони илм ва зиёда аз 23% онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомотӣ ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати мамлакат эътибори хоса зоҳир мегардад.