zoofirma.ru

Санаи 13.01.2022, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ҳайати Наимҷон Шарифов, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, Аҳлиддин Тоҷидинов иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Матлуба Сатторова сармутахассиси комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак  бо хонандагони муассисаҳои таълимии №4, №5, №7, №12 ва №13-и Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ба мсили ифротгароӣ, бегонапарастӣ, нашъамандӣ, коррупсия ва ҷинояткорӣ мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.

Дар мулоқоту вохӯриҳо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар мулоқот нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуд.

 

Ҳамчунин, доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ, муборизаи ҳамагониро бар зидди амалҳои номатлуб пайваста таъкид менамоянд. Дар ин ҷода ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон масъул мебошад.