zoofirma.ru

Ба ифтихори таҷлили Соли нави мелодии 2022 Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорон ва ашхоси барӯманди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик”-ро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Муҳсин Раҳимов, собиқадорони меҳнат Санавбар Нуруллоева, Саодат Пулотова, Давлятобаева Рамзия ва Римма Беляева бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, нисбати ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумати Тоҷикистон изҳори самимии миннатдорӣ баён намуда, баҳри осоиш ва гул-гулшукуфоии ҷовидонаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дасти дуо кушоданд.