zoofirma.ru

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими супоридани ҷоизаҳои ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ғолибонро табрик намуда, дар суханронии хеш қайд кард, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2021 ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба тасвиб расид.

 

Қобили зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" соли сеюм аст, ки бо иқдом ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузор мегардад. Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) мебошад.

Ҳамчунин афзуда шуд, ки дар даври шаҳрии озмуни мазкур беш аз 150 нафар ғолибони даври муассисавӣ иштирок намуда аз ин миқдор 49 нафар дар даври вилоятӣ иштирок намудаанд. Дар даври вилоятии озумун 8 нафар довталабони гулистонӣ ғолиб омада, роҳхати даври ниҳоии озмунро соҳиб гардидаанд. Довталабони гулистонӣ дар даври ҷумҳуриявии озмун фаъолияти арзанда нишон дода, Исмоил Саидов омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 аз номинатсияи хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик соҳиби ҷойи сеюм ва Нафиса Файзулло хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳр дар номинатсияи мазкур соҳиби зинаи ифтихорӣ гардидаанд.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ин дастовардро ба ғолибон ва аҳли маорифчиён муборакбод намуда, итминон дошт, ки бо кӯшишу заҳматҳои софдилонаи устодон ва хонандагон дар солҳои минбаъда теъдоди ғолибон аз шаҳри Гулистон меафзояд.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ ғолибон бо Диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300, 500 ва 700 сомонӣ ва ҳамчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон соҳиби ҷой гаштаанд бо сипоснома ва туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, довталабони фаъоли озмун, аъзои ҳакамон, директорони муассисаҳое, ки таълимгирандагонашон соҳиби ҷой гардидаанд ва якчанд волидайн бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

Дар интиҳо Нафиса Файзулло хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, Динора Аҳмадова хонандаи синфи 2-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва Маҳваш Бойматова хонандаи синфи 5-и гимназияи №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва барои ташкил ва баргузории озмуни мазкур ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.