zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр ҷиҳати тозаву озода намудани маҳалли зист ва хиёбонҳои шаҳр ба таври дастҷамъона тозагии маҳал гузаронида шуд. Дар тозагии маҳал кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва дигар муассисаҳои буҷетӣ фаъолона иштирок намуданд. Корманди ташкилоту муассисаҳо  пеш аз ҳама ҳудуди муассиса ва корхонаи худро тозаву озода намуданд. Дар шаҳри Гулистон мунтазам ҳашарҳои умумишаҳрӣ ва аксияҳои тозагии маҳал гузаронида мешавад. Амалҳои мазкур ҷиҳати тозаву озода намудани шаҳр, паҳншавӣ ва пешгирии  ҳаргуна бемориҳои сироятӣ, ободу зебо ва хуррам гардонидани шаҳри сайёҳон ба роҳ монда мешавад.

Дар идомаи корҳои тозагию ободонӣ бо иштироки бевоситаи раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода маъракаи ниҳолшинонӣ дар назди биноҳои навбунёди КИ ҲХДТ ва Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳр гузаронида шуд. Навниҳолҳои дар назди ин биноҳо шинонидашуда аз хориҷи кишвар бо арзиши баланд ворид карда шудаанд, ки дар ҳусну таровати шаҳр зебогии навро зам мекунанд. Ин тадбирҳо минбаъд низ идома ва густариш дода мешавад.