zoofirma.ru

Дар толори калони МИҲД-и шаҳри Гулистон  1 ноябри соли 2021 машварати кории назди раиси шаҳр баргузор гардид. Машварати кориро Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ба баррасии он масъалаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд.

Фаъолияти ситоди шаҳриро ғайри қаноатбахш маънидод намуда, ишора карда шуд, ки қисме аз шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳад алакай нақшаи даъватро ба иҷро расониданд. Барои шаҳри Гулистон, ки дорои имконияту иқтидорҳои баланд аст, чунин ҳолат хеле нанговар аст.

Ба муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р. ва Комиссари ҳарбии шаҳр Зокиров И. супориш дода шуд, ки фаъолияташонро куллан тағйир дода, барои дар муҳлати 3-4 рӯз пурра иҷро намудани нақшаи даъват чораҷуй намоянд. Ҳамчунин раиси шаҳр аъзоёни ситод ва хусусан раисони Ҷамоати шаҳракҳо ва раисони маҳаллаҳоро эъроди ҷиддӣ гирифта, муносибати онҳоро ба ин масъалаи муҳим натиҷаи дуруст дарк накардани вазъият ва ниҳоят эҳсоси пасти ватандустию меҳанпарастӣ шарҳ дод.

Ба роҳбарони сохторҳои маорифу тандурустии шаҳр дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиро дар байни коргарони соҳа пурзур намоянд. Пинҳон кардани фарзандони худ аз даъват ба хизмати ватан натанҳо нишонаи маърифати пасти онҳо балки намунаи бадест барои дигар табақаҳои ҷомеа.

Роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр ва дигар ташкилоту муассисаҳо муваззаф гардиданд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин барои ҳалли масъала аз захираву имкониятҳояшон истифода намоянд.

Имомхатибони масҷидҳо ва фаъолони шаҳр барои беэътибори дар ҳалли масъалаи мазкур эърод гирифта шуда, дастурҳои мушаххас дода шуданд.