zoofirma.ru

5-6 декабр  дар МТМУ-и №1 даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагон доир гардид. Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур ин дарёфти истеъдодҳои нав, рушди эҷодкориву лаёқат, муайянкунии хонандагони фаъол барои иштирок дар Олимпиадаи вилоятӣ, мусоидати фаҳмишу ҷаҳонбинии хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Дар Олимпиада 520 нафар хонандагони фаъолу эҷодкор ва болаёқату соҳибистеъдод ширкат варзида аз 13 фанҳои таълимӣ малакаи дониши хешро нишон доданд. Тибқи маълумот аз рӯи теъдоди зиёди ишғоли мақоми аввал хонандагони МТМУ-и №1 24 нафар пирӯзӣ ба даст оварданд. Намояндагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 14, 8 бо 14 ва 8 нафарӣ ҷойҳои минбаъдаро ишғол намуданд.

Тадриҷан тазаккур бояд дод, ки аксари иштирокчиёни даври дуюми Олимпиадаи шаҳрӣ аъзоёни «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди шуъбаи маориф мебошанд.