zoofirma.ru

Аз соли 1983 то соли 1992 Созмони Милали Муттаҳид даҳсолаи маъюбонро эълон карда буд. Сипас дар соли 1992 Ассамблеяи Генералии СММ 3-юми декабрро Рӯзи байналхалқии маъюбон эълон намуд.

Таҷлили ин рӯзро ба хотири ҳифзи масъалаҳои иҷтимоии маъюбон, ҷалби атрофиён ба ҳуқуқҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ эълон намуда буданд.

Дар ҷумҳурии мо низ сол ба сол ба одамони имконияташон маҳдуд диққати бештар дода мешавад. Президенти мамлакат ҳанӯз чандин сол пеш дар яке аз баромадҳояш гуфта буд, ки мо ҳеҷ гоҳ маъюбонро фаромӯш намесозем ва онҳоро намегузорем, ки хору зор шаванд.

Дар шаҳри Қайроққум 940 нафар маъюбон дар қайд ҳастанд. Рӯзи маъюбон аксари онҳо бо дастуру ҳидояти Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аз ҷониби Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаҳои саноатӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояту шаҳр ва соҳибкорон бо тақдими маводҳои озуқа аёдат карда шуданд.