zoofirma.ru

Ташрифи намояндагони палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россияро ба Тоҷикистон президенти ҳамин ниҳод Сергей Катирин роҳбари мекунад.

Дар ҷараёни ташриф ба вилояти Суғд вохӯрии меҳмонон бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябр суръат гирифт. Дар маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон инчунин гуфтушунид ва вохӯриҳо бо як зумра соҳибкорону алоқамандон доир карда шуд.

Ташрифи меҳмоноро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мантиқи маънидод карда ишора намуд, ки вилояти Суғдро беҳуда “Водии имкониятҳо” наменоманд. Дар ин минитақаи Тоҷикистони азиз таърихии ғании рушди инфрасохтор, мавҷудияти сарватҳои зеризамини, рушди бемайлони соҳаи саноат ва хоҷагии қишлоқ нуҳуфтааст. Вилояти Суғд муносибатҳои фаъоли иқтисодиву савдои худро бо бисёр манотиқи Федератсияи Россия, бо ташкилоту корхонаҳои мушаххас ба роҳ мондааст ва ба ин масъала диққати ҷолиб дорад.

Дар навбати худ Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин ташрифи намояндагони ниҳодро ба Тоҷикистон идомаи муносибатҳои стратегӣ, ки байни сарони ду давлат ишора шуда буд, маънидод кард. Ишора карда шуд, ки гардиши савдои байнидавлати дар нимсолаи аввали соли 2021 зиёда аз 40 фоизро ташкил дод. Умедвор аз он астем, ки то охири сол ин нишондод ба давраи аввали саршавии пандемия баробар шуда, аз он ҳам мегузарад.

Худи ҳамин рӯз меҳмонон дар шаҳри Гулистон ҳамроҳи Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” ташриф оварда аз фаъолияти ин корхонаи овозадор дидан намуданд.

Меҳмонон ба истеҳсоли маҳсулоти корхонаи мазкур баҳои баланд дода, аз пешвоз ва муносибати хубу меҳмонавозии роҳбарияту кормандони корхона изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ташрифи намояндагони палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия ба дигар минтақаҳои вилояти Суғд идома дорад.