zoofirma.ru

15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, Вазири мудофиа Сергей Шойгу ва муовини роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Козакро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили шарикии стратегии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанберо, муҳокима карданд.

Дар вохурӣ ба ҳамаи ҷанбаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои низомӣ ва низомиву техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар рафти суҳбат вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифт. Дар ин зимн оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифта, барои пешгирии таҳдиду хатарҳо идомаи робитаҳо дар сатҳҳои гуногун, ҳамчунин таҳкими ҳимояи сарҳадот зарур шумурда шуд.