zoofirma.ru

Дар толори мактаби санъати шаҳр дар асоси  нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр конфренсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Шаҳри ман – ифтихори ман” бахшида ба таҷлили 58-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Гулистон бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, донишҷӯёни колеҷи теббии шаҳр ва дигар  намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.

Дар конфренсия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр Муҳрулло Иноятов оид ба таърих, ташаккул ва бунёди шаҳр, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, Пешвои муаззами миллат дар Гулистон ва шаҳри ман – ифтихори ман суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) таърихи куҳан дорад.

Дар сарчашмаҳо омадааст, ки дар охири ҳазорсолаи III ва дар аввали ҳазорсолаи II то милод, дар соҳили рости дарёи Сир, дар тарафи ғарбии Хуҷанди ҳозира, дар нимбиёбони Қайроққум қабилаҳои зиёде зиндагӣ мекарданд. Дар китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров қайд гардидааст, ки “Як силсила ёдгориҳое, ки дар шимол ва ҷануби республика пайдо гардидаанд, давраи тараққиёти аҳди биринҷиро тавсиф менамоянд. Дар соҳили рости Сирдарё, самти шарқии Ленинобод, дар маҳалли биёбонии Қайроққум даҳҳо маскани давраи тараққӣ ва охирин марҳилаҳои аҳди биринҷӣ дарёфт ва таҳқиқ шудаанд. Аксари ин масканҳо хурд буда, аз 0,1 то 3,0 гектар масоҳат доранд, вале дар байни онхо масканҳои хеле калон ҳам ҳастанд, ки масоҳати кариб 10 гектарро ишғол намудаанд. Ҳар як маскан аз якчанд нишемангоҳ иборат буд, ки дарозиаш ба 20 метр ва бараш ба 12— 15 метр мерасид. Қайроққумиҳо асосан машғули чорводорӣ будаанд. Аз ин рӯ, дар масканҳо устухони гусфанд, буз, гов ва асп ҷамъ шудааст. Ба таври фаровон мавҷуд будани ховангу ос, ки барои ярма ва орд кардани ғалла хизмат мекарданд, аз ривоҷ доштани зироат гувоҳӣ медиҳанд. Яке аз машғулиятҳои асосии қайроққумиҳо кори маъдан ва фулузгудозӣ буд. Дар масканҳои онон дажғолҳои аз гудозиши биринҷӣ боқимонда ва қолибҳои сангӣ барои рехтани метин ва табарҳои биринҷӣ ёфт шуданд.

Сафололоти Қайроққум бо олоти сафолии Тозабоғёб шабоҳат дорад. Қайроққумиҳо барои ороиши зарфҳои сафолӣ қолибҳои махсуси мусаттаҳ ва дандонадорро кор мефармуданд”.

Ҳамчунин ироа гардид, ки шаҳри Гулистон ҳамчун маркази маъмурии тобеи ҷумҳурӣ 4-уми январи соли 1963 таъсис ёфта, ба тобеияти шаҳр шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Зарнисор, Чоруқдаррон, Сирдарё ва Навгарзан дохил мешаванд ва онҳо аз маркази шаҳр дар масофаи то 230 километр дуртар ҷойгир шудаанд. Алҳол аҳолии шаҳр якҷоя бо ҷамоати шаҳракҳо 49,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шаҳри моро шаҳри дӯстии халқҳо низ меноманд. Имрӯз дар ҳудуди шаҳр миллату халқиятҳои гуногун аҳлона ба кору зиндагӣ машғуланд. Шаҳри Гулистон дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар ва туризм нақши арзандаи худро касб намудааст. Боиси ифтихормандии мо гулистониён аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи беш аз 25 корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон бевосита иштирок намудаанд. Таъкид гардид, ки аз моҳи марти соли 2016 номи шаҳр ба Гулистон иваз карда шудааст.

Дар фарҷом қайд гардид, ки шаҳри Гулистон рӯз аз рӯз ободу хуррам гардида истодааст ва барои тақвият додани ин раванд ҳама бояд аҳлона фаъолият намоем.