zoofirma.ru

13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншоот шинос гардид.

Раиси вилоят аз ҷумла сохтмони бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бинои Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ҷиҳати вусъатбахшии корҳо ва дар вақти муқарраргардида ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” ошно гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин иншоот, ки дорои 3 гектар масоҳат аст, корҳои таҷдиду азнавсозӣ бо суръат ҷараён дорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани боғи истироҳатӣ барои сокинону сеҳмонони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Ба масъулин ва сохтмончиён ҷиҳати дар вақти муайяншуда ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ва бозсозии пурраи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” тавсияҳо ироа гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд