zoofirma.ru

Дар шаҳру навоҳии кишвар мавсими нави ҳосилғундории пахта оғоз шуд. Деҳқонон дар ин сол меҳнати самаранок намудаанд ва самараи дастранҷи онҳо ҷамъоварӣ карда мешавад. Дирӯз барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон якҷо бо кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо бо ҳамроҳии бевоситаи Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ва муовинон ба хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта ба кишоварзон дар ҷамъоварии ҳосил кумак намуданд. Дар ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” беш аз 300 нафар чинакчиён аз шаҳри саноатии Гулистон иштирок намуданд.

Ҳамчунин, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода низ ба ин хоҷагии ноҳия ташриф оварда буд. Раисон ба дастранҷи заҳмати кишоварзон баҳои баланд доданд. Нашъунамои пахта хуб авҷ гирифтааст ва умед аст, ки аз ҳар як гектар замин аз 30 то 50 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад. Ҷиҳати то фасли сармо ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта роҳбарият азм доранд, ки минбаъд низ чунин кумакҳои бедареғи худро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ расонанд.