zoofirma.ru

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба муносибати қашни 30-солагии Истиӣлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти кишоварзию ниёзи аввал ташкил ва баргузор гардид.

Бо раванди ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази шаҳр муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода аз наздик шинос гардида, доир ба танзими нарх ва ҷараёни баргузории он ба масъулин дастурҳо дод.

Сокинон аз ярмарка бо нархҳои нисбатан арзон аз бозор 15-20 фисад маводҳои ниёзи худро харидорӣ намуданд. Ба сокинон маҳсулоти гуногуни озуқавории ниёзи аввал: орду биринҷ, равғану тухм, моҳӣ, маҳсулоти полезӣ, гӯштиву ширӣ, донагӣ ва қаннодӣ пешниҳод гардид.

Лозим ба зикр аст, ки чунин ярмаркаҳо пайваста дар шаҳри Гулистон баргузор мегарданд. Минбаъд низ ин раванд мунтазам ҷараён мегирад.