zoofirma.ru

Дар доираи бозиҳои даври сездаҳуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм минтақаи Суғд санаи 01.09.2021 дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дар майдони худ дастаи “Ашт”-и ноҳияи Аштро ба ҳузур  пазируфт.

Дар оғози қисми аввали бозӣ меҳмонон ташаббусро ба даст гирифта ҳисоби бозиро боз намуданд. пас аз чанд дақиқаи рахна шудани дарвоза мизбонон талош намуда ҳисоби бозиро баробар сохтанд. Бозигарони дастаи “Гулистон” то охири қисми аввал ташаббусро ба даст гирифта муяссар гардиданд, ки ду маротибаи дигар хати дарвозаи меҳмононро рахна созанд.

Қисми дуюми бозӣ ҷолибу рангин сурат гирифт. Бозигарони гулистонӣ бе душворӣ дар пайи рахна намудани хати дарвозаи ҳариф буданд. Гарчанде ки аз имкониятҳои бавуҷудомада самаранок истифода карда нашуд, вале тавонистанд дар ин қисми дидор 3 маротибаи дигар хати дарвозаи ҳарифро рахна намоянд. Меҳмонон бо вуҷуди талошҳои зиёд натавонистанд, ки дар қисми дуюми бозӣ маротибае хати дарвозаи мизбононро рахна созанд.

Дар ҳайати дастаи “Гулистон” тубҳоро 3 маротиба Ҷурабой Исоев, 2 маротиба Салоҳиддин Одиназода ва 1 маротиба Шараф Азизов вориди тури дарвозаи ҳарифон намуданд.

Ҳамин тавр, дидори дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ва дастаи “Ашт”-и ноҳияи Ашт бо ҳисоби калони 6-1 ба фоидаи дастаи Гулистон”-и шаҳри Гулистон ба поён расид.

Пас аз анҷоми даври сездаҳуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол  байни дастаҳои Лигаи дуюм минтақаи Суғд дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон бо касби 34 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот боқӣ монд.

Бозии навбатии дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар сафар бо дастаи “Аҳрор-87”-и шаҳри Исфара доир мегардад.