zoofirma.ru

Ба ифтихори оғози соли нави таҳсил дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода бо мактабиён аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид. Дар ибтидо суҳбати самимӣ ва гарму ҷӯшони бачаҳо бо Раиси шаҳр доир шуд. Мактабиён дар бораи орзуву ниятҳои худ, ҷараёни омодагиашон ба соли нави таҳмил сухан ронда, дар васфи Тоҷикистон, ваҳдат ва ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан шеърҳо қироат карданд.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба хониши хубу аъло, ахлоқи намунавӣ ва ҷидду ҷаҳди донишандӯзӣ сухан ронда, зикр кард, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои донишандӯзии насли наврас, интихоби касбу кори дилхоҳ, ташаккули ҷисмониву маънавии насли наврас муҳайё намудаанд. Вазифаи асосии насли наврас дар ин раванд хониши хубу аъло ва ҳамчун шахсиятҳои баруманди ҷомеа ба камол расидани онҳо мебошад.

Бояд зикр кард, ки ба беш аз 210 нафар мактаббачагон аз қишри ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр либосҳои мактабӣ туҳфа карда шуд. Дар интиҳои мулоқот Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба бачаҳо либосҳои мактабиро дар вазъи мутантан супорида, онҳоро бо оғози соли нави таҳсил ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

-Ман имрӯз,- гуфт дар суҳбат хонандаи муассисаи таълимии №1 Шамшод Қурбонов,- аз ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат дар ҳаққи мо бачаҳо бениҳоят сарфарозам. Хушбахтона, дар давлате, зиндагӣ мекунам, ки ба дармондаҳову бепарасторон дастёру мададгор ва ҳамеша ғамхор мебошад. Дар навбати худ ваъда медиҳам, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ таҳсил намуда, дониш меандӯзам ва дар оянда ҳамчун сарбози садоқатманди Ватан ба халқу диёри худ хизмат мекунам.