zoofirma.ru

Бо мақсади иҷрои дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  тарғибу ташвиқи дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон тавассути матбуот, радио, телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ Иттифоқи журналистони Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои  Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи Марказ корвони иттилооти журналистон таҳти унвони “Тоҷикистон – сарзамини орзуҳо”-ро дар ҳайати беш аз 30 нафар аз телевизион, радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва оҷонсиҳои иттилоотӣ ҷалб намуда, тибқи нақша рӯзҳои 27-29 августи соли ҷорӣ аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд боздид намуданд.

Тибқи нақша субҳи 29-уми августи соли ҷорӣ боздиди корвони иттилооти журналистон таҳти унвони “Тоҷикистон – сарзамини орзуҳо дар шаҳри Гулистон оғоз гардид. Корвони иттилооти журналистонро муовини раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода ва сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Соҳил” Лоҳур Назришозода бо ҳайати кормандон қабул намуданд. Сараввал корвони иттилооти журналистон аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” дидан намуданд. Абдулмуталлиб Абдуллоев директори ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” доир ба пайдоиш, фаъолияти меҳнатӣ, иқтидор, таъсири пандемия ва фаъолияти имрӯзаи коргоҳ ба рӯзноманигорон маълумот дод. Сипас корвони иттилоотии журналистон аз наздик бо фаъолияти ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, ки яке аз корхонаҳои азими қолинбофии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад боздид намуданд. Зимни боздид рӯзноманигорон аз сехи истеҳсолӣ ва намоиши қолинҳо дидан карданд. Ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки тариқи сомонаи “Kolin.tj”  мизоҷон метавонанд бо маҳсулоти истеҳсолии корхона шинос шаванд ва онҳоро барои худ фармоиш диҳанд.

Баъдан, корвони иттилоотии журналистон аз бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки аз таъмири куллӣ бароварда шудааст дидан намуданд. Идомаи боздид дар “Баҳри тоҷик” идома ёфт. Дар ин мавзеъ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ки дар арафаи анҷомёбист бо маром идома дошт. Сипас, корвони иттилоотӣ бо рафти фаъолият ва хизматрасонии осоишгоҳи “Баҳористон” шинос гардид. Доир ба ҳаҷм ва намуди хизматрасонӣ ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ дода шуд. Боздиди корвони иттилоотӣ дар бӯстонсарои “Суғдиён” ҷараён гирифт.  Корвони иттилоотии журналистон аз сафар ба шаҳри Гулистон рӯҳияи тоза гирифта, бо таассуроти нек  сафари худро ба анҷом расониданд.