zoofirma.ru

Дар доираи бозиҳои даври ёздаҳуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм минтақаи Суғд санаи 18.08.2021 дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дастаи “КАНД-ММФ”-и шаҳри Конибодомро қабул намуд.

Дар дақиқаи 7-уми қисми аввали бозӣ ба нишонзани беҳтарини дастаи “Гулистон” Салоҳиддин Одиназода имкони мувофиқ даст дод ва ҳисоби бозиро боз намуд. Дар қисми аввал бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд дастаҳо ба рахна намудани дарвозаи ҳариф дигар муваффақ нагаштанд.

Пас аз чаҳор дақиқаи шурӯи қисми дуюм Рашид Мирхолиқов аз ҳайати дастаи “Гулистон” ба задани туби дуюми даста ба дарвозаи рақиб муяссар гашт. Дар дақиқаи 67-уми дидор Аҳмад Эргашев туби нахустини меҳмононро вориди дарвозаи мизбонон намуд. Бозигарони гулистонӣ ба ҳуҷумҳои пайиҳам гузашта дар дақиқаи 73-ум ранҷид Ёрматов ва дар дақиқаи 84-ум Ҷурабой Исоев ба задани ду туби дигар ба дастаи “КАНД-ММФ”-и шаҳри Конибодом даст ёфтанд. Дар дақиқаи охирини вақти асосӣ Диёр Шукуров туби дуюми меҳмононро вориди дарвозаи дастаи “Гулистон намуд.

Ҳамин тавр, дидори дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон “КАНД - ММФ”-и   шаҳри Конибодом   бо ҳисоби 4:2 ба охир расид. Бозигари беҳтарини дидор Анвар Темирхонов аз ҳайати дастаи “Гулистон” эътироф гардид.

Пас аз анҷоми даври ёздаҳуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм минтақаи Суғд дастаи “Гулистон” бо касби 30 имтиёз ҳанӯз садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошад.