zoofirma.ru

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода тамоми кормандони соҳаи тибби шаҳрро ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборакбод намуд. Зикр гардид, ки табибони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” имрӯз иди касбии хешро бо комёбиҳои меҳнатӣ ва бо рӯҳбаландӣ дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегиранд. Онҳо баҳри беҳтар намудани саломатии мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ шоиста меҳнат намуда, ба мардум саломатӣ ва умри дубора мебахшанд.

Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дорад. Хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Тӯли асрҳо аҷдодони донишманди мо ба мисли Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳо дигарон ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд. Дар ин замина, соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Рушд ва такомули соҳаи тиб, қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз ғамхории ҳамарӯзаи роҳбарияти кишвар, шахсан аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳидояти фардосози Пешвои муаззами миллат ва бо дарназардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин соҳаи муҳим шароит ва вазъият рӯз аз рӯз беҳтар гардад. Дар ин раванд диққати асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ, мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасонӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустӣ, таъмин намудан бо таҷҳизоти замонавӣ, таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисос, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва монанди ин дода мешавад. Барои таъмиру тармим, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизот маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Алњол дар њудуди шаҳр 31 муассисаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббї мерасонанд. Дар ин муассисањо беш аз 111 нафар табиб ва 364 нафар корманди миёнаи тиб фаъолияти пурсамар доранд. Дараҷанокии тахассусии табибон 50,6 фоиз ва кормандони миёнаи тиб 59,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода зикр намуд, ки ҷиҳати пешгирии бемории сироятии ковид – 19 дар шаҳр ваксинагузаронӣ ба роҳ монда шуда, вояҳои зарурии ваксинаҳо дастрас гардидааст. Ба кормандони соњаи тиб, ки дар мубориза бо бемории сироятии коронавирус қарор доранд изњори сипос намуд.

Дар вазъи тантанавӣ ба пешоҳангони соҳаи тибби шаҳр сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ба ду нафар кормандони соҳа нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” супорида шуд.