zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба муносибати иди касбии табибон собиқадорони соҳаи тибби шаҳр Тутинисо Зайнидинова, Рисқинисо Исобоева ва Акрамҷон Мақсудовро аёдат намуд.

Зимни аёдат ба собиқадорони соҳаи тиб кумакпулии Раиси шаҳр ва маводи ғизоии ниёзи аввал тақдим карда шуд. Собиқадорони соҳаи тиб бо хушҳолӣ ва фараҳмандӣ аз фазои сулҳу осоиш ва Истиқлоли давлатии кишвар миннатдории самимии хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд. Ҳамасола дар кишвар 18-уми август ҳамчун рӯзи табибон таҷлил карда мешавад.

Таҷлили ин сана ба ифтихори кормандони соҳаи тиб рӯҳияи онҳоро боло бардошта, барои фаъолияти содиқонаи касбӣ ба онҳо неру мебахшад. Хидматҳои содиқонаи собиқадорони соҳа ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.