zoofirma.ru

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон мусобиқаи умумишаҳрӣ оид ба футбол барои гирифтани Ҷоми Раиси шаҳри Гулистон дар соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуд. Дар мусобиқаи мазкур шаш дастаи яккачини  шаҳракҳои тобеъ ва маркази шаҳр байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дастаи яккачини Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар ҳамаи сабқатҳо хеле хуб ҳунарнамоӣ карда, дар бозиҳо маҳорати баланди техникӣ намоиш дода, соҳиби Ҷоми Раиси шаҳри Гулистон дар соли 20221 гардид. Ҷойи дуюм насиби дастаи яккачини маркази шаҳр ва ҷойи сеюм Ҷамоати шаҳраки Зарнисор гардиданд.

Ба ғолибон ҷом, медалҳо ва сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи мутантан супорида шуд.