zoofirma.ru

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҷамъомади ботантана доир гардид. Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон манзур намуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои гуногуни варзиш дар  кишвар рушд намуда, варзишгарони  тоҷик имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ иштирок ва қуввасанҷӣ намоянд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он беш аз 100 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмуъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст. Ин аст, ки варзишгарони шаҳр дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар 16 мусобиќаи дохилимактабї – бо гирифтани  449 медал, 12 мусобиќаи шањрї бо гирифтани 344 медал, 12 мусобиќаи вилоятї бо гирифтани 31 медал ва дар 5 мусобиќаи љумњуриявї бо гирифтани 24 медал мушарраф гардиданд, ки дар маҷмуъ 852 медалро ташкил медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки футболбозони дастаи “Гулистон”-и шаҳр ғолиби Ҷоми вилояти Суғд - 2021 оид ба футбол гардиданд.

Бо мақсади солимгардонии ҷисмонии насли наврас дар шаҳр як мактаби варзишии бачагон ва наврасон фаъолият дорад. Дар мактаби варзишӣ аз рӯи қариб 10 намуди варзиш сексияҳо амал менамоянд. Баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди шаҳр 51 майдончаи варзишӣ ва 34 майдончаи бозии кӯдакона, 6 ҳавзи шиноварӣ, 9 варзишгоҳ, 25 толори варзишӣ амал мекунанд, ки дар як вақт имконияти қабули беш аз 1200 нафар наврасону ҷавононро доро мебошанд.

Ҳамчунин, бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону бунёд ва азнавсозии беш аз 30 толору майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми шаш моҳи соли равон 6 майдончаи варзишӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар интиҳо ба собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони варзида сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.