zoofirma.ru

Дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд санаи 3-юми августи соли равон даври ниҳоии Ҷоми вилояти Суғд - 2021 оид ба футбол миёни дастаҳои “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ва “Зарафшон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид.

Дар қисми аввалӣ бозӣ имкониятҳои зиёди голзанӣ барои ҳар ду тим ба вуҷуд омад ва дастаҳо тавонистанд хати дарвозаи ҳамдигаррро 2 маротибаи рахна намоянд. Дар ин қисм яке аз дифоъгарони дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон бо гирифтани ду баргаи зард бозибадар гардид.  Ҳамин тавр қисми аввали бозӣ бо натиҷаи 2-2 ба охир расид.

Дар қисми дуюми бозӣ дастаи “Зарафшон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ташаббусро ба даст гирифта, туби 3-юми худро вориди дарвозаи гулистониён намуд. Дар ин қисм яке аз ҳуҷумгарони дастаи “Зарафшон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз қоидаситезӣ баргаи дуюми зардро гирифита, бо баргаи сурх муҷозот шуда, бозибадар гардид.

Пас аз баробар шудани қувваҳо дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дар натиҷаи ҳуҷумҳои пайваста туби 3-юмро вориди дарвозаи ҳарифон намуда, ҳисоби бозиро баробар 3-3 намуд. То хотимаи вақти асосӣ ҳисоби бозӣ бетағйир боқӣ монд. Дар 4 дақиқа вақти илова намудаи довар бозигарони дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон истеъдоди фавқулодаи бозигарии худро нишон дода, ба задани 2 туби ҳадафрас даст ёфта, ғалабаи дастаи худро таъмин намуданд. Аз ҳайати дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон  тубҳоро Мирхолиқов Рашид 1 маротиба, Рустамзода Муҳсин ва Исоев Ҷурабой 2 маротибаи вориди дарвозаи ҳариф намуданд.

Ҳамин тариқ дидори дастаҳо бо ҳисоби бузурги 5-3 ба фоидаи дастаи  “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ба анҷом расид ва онҳо ғолиби ҷоми   вилояти Суғд - 2021 гардиданд.