zoofirma.ru

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон Конференсияи XXVI ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳр баргузор гардид. Конфренсия бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфта, дар он панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори Конференсия муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, муовини раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ва вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд.

Муслимахон Ҷамолиён, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  Конфренсияро оғоз бахшида, иброз дошт, ки тибқи талаботи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ” номзадҳои ҳизб ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон пешбарӣ гардидаанд. Мавсуф, дар идомаи суханронӣ, аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пешбарии вакилон аз ҳисоби занону ҷавонони фаъол зикр дошт, ки бо назардошти дониш, малака, маҳорати ташкилотчигӣ ва мавқеъ доштан дар ҷомеа 5 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони шаҳр пешниҳод карда мешаванд.

Муслимахон Ҷамолиён номзадҳоро ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон пешниҳод намуд. Бо овоздиҳии кушод 5 нафар номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон пешбарӣ гардиданд. Шахсони боэътимод ба ҳизби пешоҳанги ҷомеа изҳори миннатдорӣ намуда, зикр намуданд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии ҳизб вакилон ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.

Номзадҳои пешниҳодгардида, аз тарафи вакилони Конференсия якдилона пазируфташуда, доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия XXVI ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба фарҷом расид.