zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2021 бо иштироки муовини якум, муовин Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон доир гардид.

Роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли 2021 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давоми шаш моҳи соли 2021 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 112,1 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 105,2 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 5,5 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 108,7 фоиз ба иҷро расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон 36,1 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми  шаш моҳи соли 2021 ба маблағи 2 миллиарду 245  миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудан, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 118,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 34,3 фоизро ташкил дод.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2021-ум аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 59,5 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст. Корҳои бинокорию васлгарӣ дар ин давра ба маблағи 58,6 миллион сомонӣ иҷро гардид. Ба кор андохтани  фондҳои асосӣ 9,1 миллион сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи  соли гузашта 174,3 фоиз иҷро шудааст. Иҷрои корҳои пудратӣ  27,4 миллион сомонӣ буда, 100,0 фоизро ташкил дод.

Дар маърӯза инчунин дигар соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди таҳлил ва интиқод қарор дода шуд.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода дар баррасии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ аз масъулини нозироти андоз, молия, саноат, барқ, комиссариати ҳарбӣ, маориф, тандурустӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо, шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва дигарон пурсиш ба амал оварда, доир ба густариши фаъолият ва тавсеаи корҳо дар самтҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар кори ҷаласаи  фаъолони шаҳр муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд  Шарифулло Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо Раиси шаҳри Бахтиёр Саидаҳмадзода ба масъулини тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир ба вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаҳо дар давоми нимсолаи дуюм, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои тандурустии шаҳр ба ҳолатҳои фавқулода,   ҷалби бештари сармояи мустақими дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр, тақвияти корҳои ташкилӣ ва монанди ин вазифагузории мушаххас намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Гулистон