zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баҳри пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави Ковид – 19 тадбирҳои зарурӣ андешида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ситоди шаҳрӣ корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ бомаром ба роҳ монда шуда истодаанд.

Бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус Ковид – 19  аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ҳудуди шаҳр корҳои безараргардонӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд. Дар рафти корҳои безараргардонӣ ҳудуди соҳили “Баҳри тоҷик”, майдони “Парчами давлатӣ”, майдони “Нишони давлатӣ”, боғи “Зардолузор”, маҷмааи”Тоҷикистон ба пеш!” ва дигар маконҳои истироҳатӣ, ки теъдоди зиёди сокинон гашту гузор мекунанд бо воситаи маҳлулҳои безарагардонӣ безарар гардонида шуданд. Бо баробари безараргардонӣ бо гаштугузоркунандагон бо воситаи баландгӯяк  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Ба сокинон таъкид гардид, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам беҳуда гашту гузор нанамоянд, ҳангоми зарурат ва гашту гузор аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд, гигиенаи шахсӣ ва тавсияи табибонро риоя намоянд. Бо ин роҳ худ ва атрофиёнро аз сирояти коронавируси нави  Ковид – 19 эмин нигоҳ доранд.

Шаҳрвандони гиромӣ! Биёед баҳри ҳифзи саломатии худу пайвандон ва ҷомеа дастаҷамъона кӯшиш намоем ва лаҳзае ба беаҳамиятӣ ва бепарвоӣ роҳ надиҳем. Ҳаргиз фаромӯш насозем, ки соломатии мо, аҳли хонавода ва ҷомеа аз мо вобастагии бузург дорад!