zoofirma.ru

Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозиӣ соли 2021, баҳри пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори “Баҳри Тоҷик” ва қарори Раиси шаҳри Гулистон “Дар бораи ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии  интиқол ва пайдоиши  сирояти  коронавирус (СОVID-19),  санаи 30-юми июни соли ҷорӣ аз тарафи кормандони бахш дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла обутобгоҳҳои “Сайёд”, “Баҳористон”, “Шифо” ва “Маркази таълимии бонки миллии ҶТ” дар шаҳри Гулистон, ки бештари аҳолӣ дар мавзеъҳои мазкур машғули истироҳат мешаванд, аксия оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус ё худ (COVID-19) ташкил ва гузаронида шуда, маводҳои иттилоотӣ дастраси аҳолӣ гардонида шуд.

Илова бар ин, ба самъи соҳибмулкони обутобгоҳҳо расонида шуд, ки баҳри пешгирии пайдоиш ва интиқоли бемории сирояти коронавирус (СОVID-19) дар ҷойҳои корӣ назоратро пурзӯр намоянд. Ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши ғарқшавии шаҳрвандон дар обутобгоҳҳои болозикр корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ дар байни аҳолӣ ташкил ва гузаронида шуда, маводҳои иттилоотӣ дастраси аҳолӣ гардонида шуд.

 

Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар ин самт фаъолиятро мунтазам идома медиҳад.